Noble Quran » Тоҷики » Books » Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

  • Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

    Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

    Formation : Аҳмад Дидот

    Source : http://www.islamhouse.com/p/322439

    Download :Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

Random Books

  • ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/326724

    Download :ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ

  • ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.

    Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Муассисаи Вақфи Исломи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/212764

    Download :Тавҳид

  • Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)Илми ҳадис ё суннат илмест, ки ба воситаи он гуфтаҳо, кардаҳо ва аҳволу кирдори Пайғамбар (с) шинохта мешавад. Олимони ҳадис суннатро ингуна таъриф гузоштанд: Маҷмуъаи гуфтор, кирдор, таъйид ва васфи чигунагии хилқат ва ахлоқи собитшуда аз пайғамбари худоро, хоҳ пеш аз пайғамбариаш бошад ва ё баъди пайғамбариаш, суннат гуфта мешавад. Олимони Ислом дар замони гузашта ва ҳозира иттифоқ кардаанд, ки асл ва асоси муътабар дар исботи аҳкоми шариъат ва ҳалолу ҳаром дар дараҷаи аввал Қуръони карим китоби Худованд аст. Баъд аз Қуръон суннати Расули Худо (с) аст, ки аз ҳавову ҳавас гап намезанад, балки ваҳйи аст, ки Худованд бар Ӯ (с) нозил фармуда аст. Баъд аз Қуръон ва суннат (яъне асл ва масдари севум) Иҷмоъи олимони уммати исломӣ аст.

    Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

    Reveiwers : Мусъаби Ҳамза

    From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз

    Source : http://www.islamhouse.com/p/369122

    Download :Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)Вуҷуби амал ба суннати Расули Худо (с)

  • Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатИн рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

    Formation : Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228544

    Download :Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатАқидаи аҳли суннат ва ҷамоат

  • ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/333924

    Download :ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share